Эҷод кардани саҳифаи китоб танҳо як қисми кор аст. Шумо инчунин бояд натиҷаи кори худро нигоҳ дошта, санҷед, ки он дар сомона чӣ гуна намоиш дода мешавад. Нигоҳ доштан тағйироти шуморо сабт мекунад, дар ҳоле ки пешнамоиш имкон медиҳад, ки саҳифаро пеш аз омода ҳисобидани он барои хонандагон аз назар гузаронед. Ин ду қадам қисми муҳими раванди нашр мебошанд: онҳо ба шумо барои пайдо кардани хатоҳо, беҳтар кардани хонданбобии матн ва санҷидани намоиши дурусти муҳтаво кӯмак мекунанд.
Дар ин модул шумо саҳифаи асосии китобро эҷод карда, боби аввалро илова намудед ва сарлавҳаю муҳтавои онро ворид кардед. Акнун кори худро аз назар гузаронда, тағйироти ниҳоиро нигоҳ медоред ва натиҷаро пешнамоиш мекунед.
Қадами 1: Пеш аз нигоҳ доштан муҳтавро аз назар гузаронед
Пеш аз нигоҳ доштани саҳифаи нав ё нав кардани саҳифаи мавҷуда, маълумоти воридкардаатонро санҷед.
Ба нуктаҳои зерин диққат диҳед:
- Сарлавҳа: Оё он равшан, дуруст ва бо сарлавҳаҳои дигари китоб мувофиқ аст?
- Матни асосӣ: Оё маълумот барои марҳилаи ҷорӣ кофӣ аст? Оё сархатҳо хонданбоб ва аз рӯйи мантиқ ба тартиб дароварда шудаанд?
- Ҷамъбаст: Агар навъи муҳтавои шумо майдони ҷамъбаст дошта бошад, оё он саҳифаро дуруст тавсиф мекунад?
- Форматсозӣ: Оё сарлавҳаҳо, рӯйхатҳо, пайвандҳо ва дигар унсурҳои форматсозӣ ба таври мувофиқ истифода шудаанд?
- Сохтори китоб: Оё саҳифа ба китоби дуруст пайваст аст ва унсури асосии пешбинишуда интихоб шудааст?
Зарур нест, ки ҳар як саҳифаро аз кӯшиши аввал комил созед. Мақсади ин бозбинӣ пайдо кардани хатоҳои ошкор пеш аз нигоҳ доштан ва санҷидани тартиби дурусти саҳифа аст.
Қадами 2: Нигоҳ доштани натиҷаи кор
Вақте ки аз маълумоти воридкардаатон қаноатмандед, тугмаи «Нигоҳ доштан»-ро пахш кунед.
Пас аз нигоҳ доштан, «Drupal» одатан саҳифаи натиҷаро нишон медиҳад ва метавонад паёми вазъиятро дар бораи эҷод ё нав шудани муҳтаво намоиш диҳад.
Агар саҳифа нигоҳ дошта нашавад, паёмҳои хатогии дар варақа нишон додашударо хонед. Эҳтимол аст, ки майдони ҳатмӣ холӣ мондааст, маълумоти воридшуда ислоҳ мехоҳад ё ҳисоби шумо иҷозати заруриро надорад. Мушкили нишон додашударо ислоҳ карда, амали нигоҳ доштанро аз нав иҷро кунед.
Муҳим: Танҳо аз он сабаб, ки маълумоти навро дар варақа ворид кардед, гумон накунед, ки тағйирот аллакай нигоҳ дошта шудааст. Ҳамеша натиҷаро пас аз нигоҳ доштан санҷед.
Қадами 3: Пешнамоиши саҳифа
Пас аз нигоҳ доштан саҳифаро аз нуқтаи назари хонанда аз назар гузаронед.
Ба намуди умумии саҳифа диққат диҳед, на танҳо ба матне, ки дар муҳаррир ворид карда будед. Вобаста ба танзимоти сомонаи шумо, саҳифаи намоишдодашуда метавонад аз варақаи таҳрир фарқ кунад.
Санҷед, ки:
- Сарлавҳа дуруст намоиш дода мешавад.
- Матн хонданбоб буда, ба сархатҳо ва қисмҳои мантиқӣ ҷудо шудааст.
- Сарлавҳаҳо, рӯйхатҳо, пайвандҳо ва тасвирҳо дуруст намоиш дода мешаванд.
- Саҳифа бо забони дуруст нишон дода мешавад.
- Паймоиши китоб ва пайвандҳо ба саҳифаҳои алоқаманд дуруст кор мекунанд.
- Саҳифа дар ҷойи пешбинишудаи сохтори китоб қарор дорад.
Агар варақаи муҳтавои шумо тугмаи «Пешнамоиш» дошта бошад, метавонед онро низ барои санҷидани намуди муҳтаво пеш аз нигоҳ доштан истифода баред. Дар сомонаи намунавӣ ин тугма бо номи «Пешнамоиш» нишон дода шудааст. Тарзи кори он метавонад аз танзимоти сомона вобаста бошад, бинобар ин имконоти дар варақаи худ мавҷудбударо истифода баред.
Дар хотир доред, ки пешнамоиш ва нигоҳ доштан ду амали гуногунанд. Пешнамоиш барои санҷидани намуди саҳифа аст; нигоҳ доштан бошад, тағйироти шуморо сабт мекунад.
Қадами 4: Ислоҳ кардани мушкилоти пайдошуда
Агар хатоеро пайдо кунед, ҷадвали «Таҳрир кардан»-и саҳифаро кушода, ислоҳи заруриро ворид кунед ва саҳифаро аз нав нигоҳ доред.
Масалан:
- Агар сарлавҳа норавшан бошад, онро бо сарлавҳаи мушаххастар иваз кунед.
- Агар хондани сархат душвор бошад, онро ба сархатҳҳои кӯтоҳтар ҷудо кунед.
- Агар пайванд кор накунад, нишонии онро ислоҳ кунед.
- Агар боб дар ҷойи нодуруст қарор дошта бошад, танзимоти «Сохтори китоб»-и онро кушода, китоби интихобшуда ва унсури асосиро санҷед.
- Агар саҳифа матни нотамом дошта бошад, пеш аз омода ҳисобидани он барои хонандагон матнро такмил диҳед.
Пас аз ворид кардани ислоҳот саҳифаро аз нав пешнамоиш кунед. Ин равандро такрор намоед, то саҳифа равшан ва муназзам намоиш дода шавад.
Қадами 5: Санҷидани китоб дар маҷмуъ
Пас аз нигоҳ доштани саҳифаи асосӣ ва боби аввал, саҳифаи асосии китобро кушода, робитаи байни ин ду саҳифаро санҷед.
Боварӣ ҳосил кунед, ки:
- Саҳифаи асосӣ мавзуи умумии китобро муаррифӣ мекунад.
- Боби аввал сарлавҳаи мувофиқ ва муҳтавои дахлдор дорад.
- Боб дар сохтори китоб ба саҳифаи асосӣ пайваст шудааст.
- Хонандагон метавонанд аз паймоиши дастрас истифода бурда, байни саҳифаҳо гузариш кунанд.
Дар ин марҳила китоб метавонад танҳо аз саҳифаи асосӣ ва як боб иборат бошад. Барои омӯзиши раванди кор ин кофӣ аст. Шумо бобҳо ва бахшҳои дигарро дар модули навбатӣ илова мекунед.